Амали қонун дар чист?
Душанбе, 4 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- «Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 100 дарёю кӯлҳои моҳидорӣ вуҷуд дорад, ки дар як қисми онҳо хоҷагиҳои моҳипарварӣ ташкил ёфтааст. Дар айни замон дар миқёси ҷумҳурӣ 8 адад хоҷагиҳои калон ва 122 адад хоҷагиҳои хурди моҳипарварӣ фаъолият дошта, дар онҳо дар 4 моҳи соли 2012 ба 40 тонна ва дар соли 2011 беш аз 900 тонна моҳӣ истеҳсол гардидааст»,-иброз дошт директори Корхонаи воҳиди давлатӣ(КВД)-и «Моҳии Тоҷикистон» Аҳмадҷон Ғафуров. Ба иттилои мавсуф, дар чанд соли охир шикори моҳӣ аз ҷониби садҳо қӯруқшиканон (браканерҳо) ба таври ғайриқонунӣ сурат мегирад, ки он боиси талафи моҳӣ ва нигаронии мутахассисон гардидааст. Борҳо мушоҳида шудааст, ки шаҳрвандон тавассути шасти барқӣ моҳӣ медоранд, ки он боиси талафи зиёди моҳӣ ва аз афзоиши табиӣ мондани он мегардад. Ташхиси ғадудҳои моҳиҳои ба шасти барқӣ афтода аз дурустии ин далел гувоҳӣ медиҳад.Чунин қӯруқшиканӣ на фақат дар ҷумҳурии мо, балки дар тамоми кишварҳои пасошӯравӣ ба қайд гирифта шудааст.Дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон се мода:- 230, 231 ва 232 ба сайди ғайриқонунии ҳайвоноти обӣ, вайрон кардани қоидаҳои ҳифзи моҳӣ ва шикори ғайриқонуни паррандагон ва ҳайвонот бахшида шудааст, ки тибқи он ҷарима ба андозаи аз 500 то 700 маоши ҳадди ақал ё маҳрум кардан аз озодӣ ба мӯҳлати то 2 сол пешбинӣ шуда бошад ҳам, ҳамарӯза дар бозору кӯчаҳо фурӯши ғайриқонунии моҳӣ кам намегардад.Пас саволи матраҳ ин аст, ки дар сурати амал накардани қонун кӣ бояд ғами талафи моҳӣ ва моҳифурӯшони қӯруқшиканро хӯрад?








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






