Эмомалӣ Раҳмон профессори фахрии илмҳои иқтисодии Донишгоҳи Сямэн шуд
Душанбе, 2 июн. (АМИТ «Ховар»).- Дар рӯзи дуюми сафар ба Ҷумҳурии Мардумии Чин Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳи Сямэни музофоти Фуҷиан ташриф оварда, бо устодону донишҷӯёни он мулоқот намуд. Ректори донишгоҳи мазкур Чжу Чунши зимни суханронии ифтитоҳии худ эълон намуд, ки бо қарори Шӯрои илмӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои шоён дар таҳким ва густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории пурсамар бо Ҷумҳурии Мардумии Чин, аз ҷумла дар соҳаи илму маориф унвони профессори фахрии илмҳои иқтисодии Донишгоҳи Сямэн дода шуд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ ба ҳайати профессорону устодони донишгоҳ барои чунин қадрдонии баланд арзи сипос карда, изҳори боварӣ намуд, ки робитаҳои илмию таҳсилотии ду кишвар минбаъд боз ҳам густариш хоҳанд ёфт. Бо ёдоварӣ аз шумораи зиёди донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои гуногуни таҳсилотии Ҷумҳурии Мардумии Чин изҳори умед карда шуд, ки минбаъд онҳо ба ин донишгоҳи соҳибнуфуз низ ба таҳсил омада, барои густариши робитаҳои Тоҷикистон бо ин гӯшаи зебои ҳамсоякишвари бузург заминаи мусоид фароҳам меоранд. Мулоқот бо намоиши барномаи фарҳангии донишҷӯёни ин донишгоҳ ба поён расид.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






