Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 29, 2012 09:35

Душанбе, 29 июн. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Пас аз тасдиқи Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи дуюми соли 2012, ки масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис буд, ҳисоботи Вазири кишоварзӣ дар бораи татбиқи амалии Барномаи рушди соҳаи парандапарварӣ барои солҳои 2007-2015 шунида шуд. Тавре зикр гардид, то қабули барномаи мазкур дар кишвар 8 корхонаи парандапарварӣ бо 495 ҳазор сар паранда фаъолият карда, солона ҳамагӣ 24 миллион дона тухм истеҳсол мекарданд. Ҳоло шумораи корхонаҳои парандапарварӣ ба 18 адад расида, ки 9 тоашро соҳибкорони инфиродӣ бунёд намудаанд. Дар ин корхонаҳо зиёда аз 1,5 миллион паранда парвариш меёбад. Соли 2011 онҳо 151 миллион дона тухм истеҳсол намуданд. Истеҳсоли гӯшти паранда низ дар корхонаҳои парандапарварӣ афзоиш ёфта, ҳаҷми он аз 21 тоннаи соли 2007 ба 341 тонна дар соли 2011 расид. Баробари афзоиши истеҳсоли тухм ва гӯшти паранда воридоти ин маҳсулот аз хориҷи кишвар рӯ ба коҳиш дорад. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам зиёд намудани шумораи корхонаҳои парандапарварӣ, саршумори паранда ва истеҳсоли маҳсулоти он, пурра таъмин намудани бозори дохилӣ ва ба роҳ мондани содирот ба хориҷи кишвар ба масъулини соҳа супоришҳои мушаххас дод.Раиси ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон доир ба иҷрои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» ҳисобот дод. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти ноҳия ва масъулини вилоятию ҷумҳуриявӣ доир ба ривоҷ додани ободонии ин ноҳияи дурдасти кӯҳистон, аз ҷумла навсозии роҳҳои маҳаллӣ, тармими мактабу бемористонҳои тармимталаб, рушди минтақаи озоди иқтисодии Ишкошим, муҳайёсозии шароити зарурӣ барои ҷалби бештари сайёҳон, таъминоти аҳолӣ бо маводи ғизоию сӯзишворӣ ва дигар корҳои муҳим дастуру ҳидоятҳо дод.Номгӯи самтҳои таълим (ихтисос), ки аз рӯи онҳо имкони дарёфти таҳсилоти олии касбӣ дар шакли таҳсили шабона ва ғоибона мумкин нест, Стратегияи миллии рушди маориф то соли 2020, Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ҳисор барои солҳои 2012-2016, Нақшаи генералии шаҳраки Ҳисори ноҳияи Ҳисор, Нақшаи генералии маркази ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва чанд санади дигар тасдиқ карда шуд.Лоиҳаҳои як зумра қонунҳо доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда, аз ҷумла ба қонунҳо «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон», «Дар бораи милитсия» ва «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.Дар фароварди маҷлис Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҳарчи зудтар дастрас намудани кумакҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми аз заминларза осебдидаи ноҳияҳои Рашту Тавилдара ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.Дастуру ҳидоятҳо, ҳамчунин доир ба ҷамъбасти босифати натиҷаҳои нимсолаи якуми соли равон, суръат бахшидан ба ҷамъоварии ҳосили ғалладона ва ривоҷ додани кишти такрорӣ, сарфакорона истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ, омодагии ҷиддӣ ба зимистони оянда ва омода кардани варзишгоҳҳо ба бозиҳои ниҳоии Ҷоми Президенти Конфедератсияи футболи Осиё дода шуд. Таъкид гардид, ки нақби Шаҳристон бо роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Чанок бояд моҳи сентябри соли равон пурра ба истифода дода шавад ва дар ҳамин вақт навсозии роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент оғоз ёбад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Июнь 29, 2012 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
Имрӯз дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд