Машқҳои «Қосиди сулҳ – 2012»
Душанбе, 7 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Имрӯз, 7 июн, дар машқгоҳи Чоруқдаррони гарнизони ҳарбии Суғд машқҳои муштараки ҳарбии зиддитеррористии вазоратҳои мудофиаи мамлакатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай таҳти унвони «Қосиди сулҳ – 2012» оғоз ёфт. Мувофиқи хабари Вазорати мудофиаи мамлакат, машқҳоро фармондеҳи қӯшунҳои пиёдагарди Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Эмомалӣ Собиров роҳбарӣ мекунад. Дар машқҳо беш аз 2 ҳазор нафар сарбозону афсарони Тоҷикистон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон ва Русия иштирок доранд. Аз ҷумлаи кишварҳои аъзои СҲШ танҳо Ӯзбекистон дар машқҳои «Қосиди Сулҳ – 2012» иштирок надорад. Дар машқҳо ҳамчунин авиатсияи низомӣ, артиллерия ва техникаи зиреҳпӯш иштирок доранд. Ҷараёни машқҳоро Вазири мудофиаи ҶТ Шералӣ Хайруллоев, мансабдорони олимақоми ҳарбии кишварҳои аъзои СҲШ ва давлатҳои ҳамсарҳад мушоҳида мекунанд.Машқҳои ҳарбӣ то 14 июн идома меёбанд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






