Маводи хушсифати ғизоӣ
Душанбе, 22 июн. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Корхонаҳои маводи ғизоии Тоҷикистон барои таъмини аҳолии кишвар бо маҳсулоти хушсифати худ суръати истеҳсоли онро баланд бардоштаанд. Дар ин бора аз Вазорати энергетика ва саноати ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.Мувофиқи маълумоти Вазорати энергетика ва саноати кишвар, имсол аксарияти корхонаҳои хӯрокворӣ хатҳои нави технологиро насб намуда, таҷҳизоти нав дарёфт кардаанд. Бо усули ҷалби инвеститсияҳои дохилию хориҷӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ корхонаҳои нави саноати хӯрокворӣ бунёд шудаанд, ки дорои хатҳои нави технологӣ мебошанд. Танҳо тайи соли ҷорӣ бо ҷалби инвеститсияҳо 10 корхонаи коркарди маҳсулоти ширӣ ва гӯшт таъсис ёфта, ҳамчунин дар беш аз 29 корхонаҳои саноатии кишвар истеҳсоли фишурдаи меваю сабзавот роҳандозӣ шудааст.








Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст






