Мулоқоти Э.Раҳмон бо Дабири кулли СММ Пан Ги Мун
Душанбе, 21 июн. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия дар доираи иштирок дар Конфронси Рио+20 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун мулоқот намуд. Зимни сӯҳбат масъалаҳои ҳамкории гуногунҷанбаи кишвар бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳоду муассисаҳои сершумори он муҳокима гардиданд. Дар оғози мулоқот Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки «ҷониби Тоҷикистон аз сатҳи олии ҳамкории худ бо Созмони Милали Муттаҳид, ки чанде пеш мо бистумин солгарди онро ҷашн гирифтем, қаноатманд аст». Президенти Тоҷикистон саҳми назарраси ниҳодҳо ва муассисаҳои Созмони Милали Муттаҳидро дар ҳаллу фасли маҷмӯи калони масъалаҳои рӯзмарраи иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсию амниятии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали истиқлолият баланд арзёбӣ намуд. Ҷонибҳо ба раванди татбиқи пайгиронаи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола дар Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд. Оқибатҳои бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ, нишонаҳои шиддат гирифтани бӯҳрони озуқаворӣ, тағйирёбии иқлим, проблемаи зиёди экологӣ ва офатҳои табиии харобиовари солҳои охир аз ҷумлаи монеаҳои чунин раванд номида шуданд. Президент Эмомалӣ Раҳмон изҳори умедворӣ кард, ки Созмони Милали Муттаҳид дастгирии минбаъдаи ҷониби Тоҷикистонро дар раванди расидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ва рафъи монеаҳои зикршуда идома хоҳад дод. Ҷонибҳо инчунин оид ба масъалаҳои истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва энергетикӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, ҳамчунин баъзе масъалаҳои мубрами экологӣ дар Осиёи Марказӣ табодули назар карданд. Дар масъалаи истиқрори сулҳу субот дар Афғонистони ҳамсоя, Президенти кишвар иброз дошт, ки «мо ба ҳарчӣ зудтар баромадани ин сарзамини азияткашида аз ҳолати низоъ сидқан манфиатдорем ва ҷаҳду талошҳои ҷомеаи ҷаҳониро ҷиҳати ҳалли фарогири қазияи Афғонистон дастгирӣ менамоем».Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид






