Мулоқоти Э.Раҳмон бо Губернатори музофоти Фуҷиани Ҷумҳурии Мардумии Чин Су Шулин
Душанбе, 2 июн. (АМИТ «Ховар»).- Дар шаҳри Сямен Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Губернатори музофоти Фуҷиани Ҷумҳурии Мардумии Чин Су Шулин мулоқоти судманд анҷом дод. Бо ёдоварӣ аз афзоиши садкаратаи гардиши савдо миёни Тоҷикистону Чин дар 10 соли охир ва ба зиёда аз 2 миллиард доллари амрикоӣ расидани ҳаҷми солонаи он, изҳори боварӣ карда шуд, ки нақши музофоти Фуҷиан низ дар ин раванд боз ҳам бештар мегардад. Фаъолияти пурсамари ширкати Зи Ҷини музофоти Фуҷиан дар Тоҷикистон намунаи хуби ҳамкории ибратбахш номида шуд. Бо хушнудӣ зикр гардид, ки ширкати Зи Ҷин дар корхонаи муштараки Зарафшони Тоҷикистон бо ворид намудани техникаю технологияи навтарин истеҳсоли тиллоро афзун намуда, беш аз 2 ҳазор ҷойи корӣ муҳайё намудааст. Изҳори боварӣ карда шуд, ки ширкатҳои ин музофот минбаъд дар бунёди нерӯгоҳҳои хурду миёнаи барқӣ, корхонаҳои нави саноатӣ ва рушди технологии соҳаи кишоварзии Тоҷикистон низ иштироки фаъол хоҳанд дошт. Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаи илму маориф ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт. Баъди анҷоми мулоқот дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Созишнома дар бораи барпо намудани робитаҳои бародарӣ миёни вилояти Суғди Тоҷикистон ва музофоти Фуҷиани Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо расид.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид






