Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Маҳмуди Аҳмадинажод
Душанбе, 6 июн. (АМИТ «Ховар»). -Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод мулоқот намуд. Сарони ду давлати ҳамзабону ҳамфарҳанг доир ба татбиқи амалии лоиҳаҳои сершуморе, ки дар бахшҳои сиёсат, иқтисоду сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт ва илму фарҳанг рӯи коранд, гуфтугӯи судманд анҷом доданд. Ба сохторҳои марбутаи ду кишвар дастур дода шуд, ки барои ҳарчи зудтар ва бо сифати баланд такмил додани нақби Истиқлол, ба кор даровардани чархаи дуюми нерӯгоҳи обии Сангтӯда – 2, оғози сохтмони нерӯгоҳи Айнӣ дар болои рӯди Зарафшон ва ба поён расондани имконсанҷии техникӣ ва молиявии қисмати тоҷикистонии лоиҳаи бунёди роҳи оҳани Эрон-Афғонистон-Тоҷикистон-Қирғизистон-Чин чораҳо амалӣ намоянд.
Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба дигар лоиҳаҳои судбахши дуҷониба ва ҳамгироии Тоҷикистону Эрон дар чаҳорчӯби муносибатҳои сеҷониба бо Афғонистон, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) ва дигар созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ сурат гирифт.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






