Мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо як қатор ширкатҳои бонуфузи Чин
Душанбе, 5 июн. (АМИТ «Ховар»). -Дар шаҳри Пекин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони як қатор ширкатҳои бонуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқотҳои судбахш анҷом дод. Дар мулоқот бо Раиси Шӯрои директорони ширкати Тебиан электрик аппаратус (ТВЭА) Чжан Син масоили бунёд ва таҷдиди як зумра иншооти энергетикӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуд. Тавачҷҷуҳи зиёд ба сохтмони хатти 500 киловолтаи интиқоли нерӯи барқи Оби гарм – Душанбе ва Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 зоҳир гардид. Таъкид гардид, ки лоиҳаи сохтмони хатти 500 киловолтаи интиқоли нерӯи барқи Оби гарм – Душанбе баъди омӯзиши дақиқи комиссияи ҳукуматии Тоҷикистон барои маблағгузорӣ ва оғози татбиқ пешниҳод карда мешавад. Сохтмони Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 бошад, тибқи тавофуқоти дар сатҳи олии сиёсӣ ҳосилшуда бояд тезонда шуда, дар зарфи як соли оянда ба поён расонда шавад. Зимни суҳбат бо Раиси Шӯрои директорони ширкати Жонгсинг Телекоммуникэйшн Эквипмент (ZTE) масоили ҳамкорӣ дар соҳаи алоқа ва телерадиокоммуникатсия баррасӣ шуд. Таъкид гардид, ки чунин ҳамкорӣ барои ҳамқадами рушди техникаю технологияи пешқадами ҷаҳонӣ будан ва амалӣ намудани ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон басо муҳим аст. Дар вохӯрӣ бо раиси ширкати Ҳенан Ҷинҷиан Силверсид ЛИ ЧАО масоили ҳамкорӣ дар бахши зироаткорӣ баррасӣ шуд. Тавре зикр гардид, ҳоло ин ширкат дар ноҳияҳои Ёвон ва Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон дар 600 га замини корами обӣ пахта ва сабзавоту полезӣ кишт намуда, истифодаи технологияҳои пешқадами каммасраф ва серҳосили кишоварзиро ба роҳ мемонад. Дар заминҳои кишти ин ширкат беш аз 40 нафар мутахассисони кишоварзӣ ва деҳқонони Тоҷикистон машғули кор ва омӯзиши таҷрибаи ғании ҳамкасбони чинии худ мебошанд. Дар мулоқот бо Директори генералии ширкати сохтмони роҳу пулҳои Чин (Чайна Роуд энд Бриҷ Корпорэйшн) Вэн Ган масоили вобаста ба татбиқи босамари лоиҳаҳои роҳсозӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти ин ширкат доир ба сохтмон ва навсозии роҳҳои мошингарди Тоҷикистон ба мисли Душанбе-Хуҷанд-Чанок бо нақби Шаҳристон, қисмати Душанбе-Данғараи шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хорӯғ-Кулма- Қароқурум бо нақби Чормағзак баҳои баланд дода, изҳори боварӣ намуд, ки шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода низ бо сифат ва суръати баланд дар муҳлати муайяншуда навсозӣ мешавад. Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба дигар самтҳои ҳамкорӣ сурат гирифт.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






