Мусоидати шуғли аҳолӣ дар таъмини ҷойи кор

Июнь 1, 2012 09:26

Душанбе, 1 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Танзими бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат дониста шудааст.Ба гуфти вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Маҳмадамин Маҳмадаминов, тавассути мусоидати мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ аз соли 2002 то имрӯз беш аз 256 ҳазор шаҳрванди бекор соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд.Бо мақсади мутобиқати захираҳои меҳнатӣ тибқи талаботи бозори меҳнат ва беҳсозии сифати таълими калонсолон, қонеъ гардонидани талаботи шаҳрвандон ба таълими иловагӣ ва мусоидат ба баландшавии сатҳи шуғлнокӣ бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ соли 2008 Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» таъсис ёфт. Дар давоми се соли фаъолият муассисаи мазкурро зиёда аз 35 ҳазор нафар шаҳрванди беихтисос ва муҳоҷирони меҳнатӣ хатм намуд.Дар айни ҳол 28 адад филиали ин марказ ба шаҳрвандон барои омӯзонидани маълумоти иловагии касбӣ мусоидат намуда, то 100 ҳазор нафар ашхоси беихтисоси бекор, бахусус муҳоҷирони меҳнатӣ соҳиби касби иловагӣ гардида, бо ҷойи кор таъмин мешаванд.

Июнь 1, 2012 09:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Китоби «Садриддин Айнӣ. Феҳристи адабиёт» рӯнамоӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
«МегаФон Тоҷикистон» шабакаро ба суръатҳои нави гигабитӣ омода менамояд
Бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Пенза ҳамоиш доир шуд
«ИСТИҚЛОЛ-НЕЪМАТИ БЕБАҲО». Дар ин мавзуъ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ конференсияи илмӣ доир гардид
Донорҳо аз Бунёди Lives & Livelihoods дастовардҳо дар соҳаи ҳифзи саломатии модар ва кӯдакро дар Тоҷикистон таҷлил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Истиқлоли давлатӣ — асоси хушбахтӣ ва рушди давлатдории миллӣ
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад