«Нақшакта ғалат кардӣ…»
Душанбе, 21 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ ширкати роҳсози ҷопонии «Дай Ниппон Корпорейшн»-ро барои навсозии 15 километр роҳи Дӯстӣ -Қӯрғонтеппа муввазаф намуд.Ёдовар мешавем, ки тирамоҳи соли 2011 як қисми роҳи Дӯстӣ- Қӯрғонтеппа-Панҷи Поён расман мавриди баҳрабардорӣ қарор ёфта буд. Сипас, комиссияи идораи хоҷагии роҳҳои минтақаи Қӯрғонтеппа баъди ташхиси роҳ хулосаи коршиносонро ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда, маълум намуд, ки сифати роҳи сохташудаи ширкати роҳсози Ҷопон ба стандарти байналмилалӣ ҷавобгӯй нест. Вазорати нақлиёт дар асоси хулосаи коршиносон ба ширкати «Дай Ниппон Корпорейшн»эътироз оварда, азнавсозии роҳи 15 километраи Дӯстӣ- Қӯрғонтеппаро дархост кард. Мутахассисони роҳсози Ҷопон бо нобоварӣ ба коршиносони тоҷик чанд намунаеро аз роҳи сохташуда дар лабараторияҳои роҳсозии Ҷопон мавриди санҷиш қарор доданд, ки он дуруст будани хулосаи коршиносони тоҷикро собит намуд. Дар айни замон дар масофаи 15 километр азнавсозии роҳи Дӯстӣ — Қӯрғонтепа оғоз гардида, бо маблағи 13 млн. доллари амрикоӣ аз тарафи давлати Ҷопон сохта мешавад. Марҳилаи навбатии татбиқи лоиҳа бо паҳноии 12 метр ва дарозии 18 километр бо бунёди 5 кӯпрук ва дигар иншооти ёрирасон, ки 24 млн. доллари амрикоӣ қимат дорад оғоз гардид ва дар назар аст то моҳи августи соли 2013 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад.Бояд тазаккур дод, ки дар давлатҳои нисбатан гарм ғафсии роҳҳои мумфаршшудаи байналмилалӣ 28-30 сантиметрро ташкил медиҳад ва он барои 50-60 сол пешбинӣ мегардад. Ин дар мавридест, ки ширкати ҷопонии «Дай Ниппон Корпорейшн» ғафсии роҳи автомобилгари байналмилалии ояндаро дар роҳи 15 километраи Дӯстӣ-Қӯрғонтеппа ҳамагӣ бо ғафсии 5 сантиметр анҷом додааст, ки он наметавонад ҷавобгӯи стандарти байналмилалии роҳсозӣ бошад. Ин амали роҳсозони ширкати ҷопонӣ рубоии халқиеро ба ёд меорад, ки гуфта мешавад … «Нақшакта ғалат кардӣ, меканию медӯзӣ».








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






