Нашъамандон табобат мегиранд
Душанбе, 25 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар самти такмили сохтор ҷиҳати офиятбахшии шахсони гирифтори нашъамандӣ Маркази ҷумҳуриявии барқароркунии тиббию иҷтимоии «Тангаӣ» дар назди Вазорати тандурустӣ таъсис дода шудааст. Маркази мазкур дар деҳаи Тангаии шаҳри Ваҳдат қарор дошта, се сол боз беморони гирифтори нашъамандӣ дар онҷо табобат мегиранд.Тибқи маълумоти Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологии ба номи Минҳоҷ Ғуломов, дар давоми се соли фаъолият дар маркази мазкур бештар аз 300 нафар беморони гирифтори нашъамандӣ табобат гирифтанд.Дар айни замон рӯйхати ҳамаи беморони нашъаманд тартиб дода шуда, барои гирифтани табобат ба Маркази ҷумҳуриявии барқароркунии тиббию иҷтимоии «Тангаӣ» аз рӯи нақша фиристонида мешаванд. Дар назди марказҳои наркологӣ барномаҳои кам кардани зарар, аз ҷумла Барномаи табобати «ҷойивазкунанда» ба роҳ монда шудааст, ки то интиқоли беморон ба Маркази ҷумҳуриявии барқароркунии тиббию иҷтимоии «Тангаӣ» дар ин марказҳо табобат мегиранд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






