Никоҳу талоқ дар 5 моҳи соли 2012

Июнь 22, 2012 09:56

Душанбе, 22 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти мақомоти сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ (САҲШ), дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 5 моҳи аввали соли 2012 шумораи никоҳи бақайдгирифташуда беш аз 28 ҳазор нафарро дар бармегирад. Коэффитсиенти умумии никоҳ дар давоми моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ ба ҳазор нафар 13,1 ададро ташкил додааст.Ба иттилои манбаъ, зиёдшавии бақайдгирии никоҳ агар дар ВМКБ 9,3 фоиз ё ба 6 ҳазор нафар ҷуфт ҳамсарон мушоҳида шуда бошад, дар вилояти Суғд 7,2 ҳазор, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ -6,4 ва дар шаҳри Душанбе ба 1,9 ҳазор ҷуфт ҳамсарон рост омадааст. Ба қайдгирии никоҳ дар вилояти Хатлон дар давоми моҳҳои январ-майи соли 2012 нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 баробари 9,7 ҳазор ҷуфт ҳамсарон кам гардидааст.Дар ин давра шумораи талоқ додани ҳамсарон ба 1912 воҳид баробар аст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 ба миқдори 12,3 фоиз зиёд аст. Афзоиши шумораи бақайдгирифташудаи талоқ дар ҳамаи минтақаҳои кишвар ба мушоҳида мерасад. Аз ҷиҳати воҳиди талоқ вилояти Суғд бо 855 нафар дар ҷой аввал, вилояти Хатлон бо 403 дар ҷойи дуюм ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо 380 воҳид дар ҷойи сеюм қарор дорад. Дар давоми 5 моҳ ба 1000 никоҳ 75 талоқ рост омадааст, ки нисбат ба соли 2011 панҷ талоқ зиёд аст.

Июнь 22, 2012 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд