«Оҳангҳои форсӣ» дар Театри опера ва балет

Июнь 4, 2012 10:32

Душанбе, 4 июн. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Дар Театри академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ нахустнамоиши балети «Оҳангҳои форсӣ» баргузор гардид. Тавре ки коргардони театр Шамсӣ Низомов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, муаллифи ин композитсияи хореографӣ оҳангсози швед Нима Киан балетро дар асоси мусиқии бастакорони форс Паймон Султонӣ, Ҳусайн Ализода, Парвиз Мешкатян ва Александр Роҳбарӣ рӯи саҳна овардааст. Дар композитсия солистони ҷавони балети тоҷик, хатмкунандагони Коллеҷи академии хореографии шаҳри Перми Русия Фарангис Қосимова, Фарангис Ҳакимова, Парвина Тошмуҳаммедова, Мае Сираха иштирок доранд. Воқеан, Мае Сираха (Ҷопон) низ хатмкунандаи коллеҷи шаҳри Перм буда, алҳол дар гурӯҳи балети Театри опера ва балети Тоҷикистон кор мекунад. Дар композитсия баробари ҳунарпешагони ҷавон Ҳунарпешаи шоистаи Қирғизистон Айзода Оқматова низ иштирок дорад.Шамсӣ Низомов зикр намуд, ки иштирокдорони композитсия барои ҳунарнамоӣ ба шаҳри Гамбурги Олмон сафар мекунанд. Тайи солҳои истиқлолият пайдо намудани ҷумҳурӣ гурӯҳи балети Театри опера ва балети Тоҷикистон бори нахуст ба Аврупо сафар мекунад.

Июнь 4, 2012 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад