Омӯзиш барои намояндаҳои институтҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф
Душанбе, 21 июн. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов).- Бо дастгирии барномаи «Рушди барвақтии кӯдак»-и Шӯъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» -Бунёди Мадад дар Тоҷикистон аз 21 то 23 июни соли 2012 дар маҷмаи фароғатии «Ҷаҳонгир»-и ноҳияи Варзоб барои намояндаҳои институтҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф омӯзиши «Фалсафа ва принсипҳои барномаи байналхалқии «Қадам ба қадам» баргузор мегардад.Ҳадафи асосии омӯзиш шиносоии иштирокчиён бо принсипҳои барномаи байналхалқии «Қадам ба қадам» ва маводу модулҳои барнома, ҳамчунин фаъолияти минбаъдаи муштарак ва ниҳодӣ шудани хизматрасониҳои барномаҳои омӯзишӣ дар ш. Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон ва Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад. Дар омӯзиши мазкур ректорону ноибони онҳо, мутахассисони соҳаи таҳсилоти томактабию ибтидоӣ аз институтҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, Пажӯхишгоҳи илмҳои педагогии Академияи маорифи Тоҷикистон ва Маркази такмили ихтисоси муаллимони шаҳри Душанбе иштирок мекунанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






