Парлумон аз камбизоатҳо дифоъ кард

Июнь 13, 2012 15:48

Душанбе, 13 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 1 миллион адад дастгоҳи телефони хонагиро дар оянда Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба маблағи 66 миллион сомонӣ ворид намуда, онҳоро ба зиёда аз 250 000 аҳолии камбизоати мамлакат ба таври ройгон тақсим менамояд. Ин тадбир аз сўи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии аҳолии камбизоат бо алоқаи телефони хонагӣ андешида шудааст. 13 июн вакилони палатаи поёнии парлумони мамлакат пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ворид намудани иловаҳо ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012» -ро ҷонибдорӣ намуданд. Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи кишвар гуфт, ки воридоти 1 миллион дастгоҳи телефони хонагӣ ба ҷумҳурӣ имконият медиҳад, ки оилаҳои камбизоат ва дигар қишрҳои ниёзманди аҳолӣ , хусусан маъюбон ботелефони хонагӣ таъмин карда шаванд. Аз ин рў, воридоти 1 миллион дастгоҳи телефонӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад. Вазири молия афзуд, ки ҳангоми додани имтиёзҳои андозӣ барои воридоти 1 миллион дастгоҳи телефонӣ пардохти гумрукӣ 15,2 миллион сомониро ташкил медиҳад. Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон зимни барасии лоиҳаи қонуни мазкур гуфт: то ҷое мусаллам аст масъалаи насби телефонҳои хонагӣ ба хонаҳои оилаҳои камбизоат супориши Сарвари давлат буд. Агар 1 миллион дастгоҳи телефон ба ҷумҳурӣ ворид гардида, аз он танҳо ба 250 ҳазор оилаи камбизоат телефон дода шавад, 600-700 ҳазор адад дастгоҳҳои дигари телефонӣ ба киҳо тақсим мегарданд? Зеро дар ҷумҳурӣ ғайр аз камбизоатҳо боз дигар қишрҳои ниёзманди аҳолӣ, хусусан маъюбону нафақахўрон вуҷуд доранд. Аз лоиҳаи қонун хулоса баровардан мумкин аст, ки 1 миллион дастгоҳи телефонӣ бояд ба 1 миллион оилаи камбизоат тақсим карда шавад. Ин масъалаи муҳим аст, афзуд Ш. Зуҳуров. Мавсуф гуфт, ки бояд Хадамоти алоқаи ҷумҳурӣ рўйхати тамоми камбизоатҳоро аз комиссияҳои шаҳриву ноҳиявӣ гирифта пешниҳод кунад, зеро он дастгоҳҳое телефоние, ки ба ҷумҳурӣ ворид мегарданд, бояд ба онҳое тақсим шаванд, ки воқеан эҳтиёҷманданд. Коре нашавад, ки як миллион дастгоҳи телефони хонагӣ аз ҷониби Хадамоти алоқа харидорӣ гардаду дар масъалаи тақсими онҳо мушкилот пайдо шавад, таъкид кард раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон. Дар посух ба саволи раиси Маҷлиси намояндагон вазири молия гуфт, ки нисбат ба ин масъала мо ҳатман мониторинг мебарем. Сарвари коммунистони кишвар Шодӣ Шабдолов роҷеъ ба масъалаи мазкур гуфт: аз сўи Ҳукумати мамлакат аз андоз ва боҷи гумрукӣ озод намудани воридоти дастгоҳҳои телефони хонагӣ, ки ба манфиати камбизоатон равона гардидааст, дар қонунгузории парлумони Тоҷикистон бори аввал буда, қобили қабул ва дастгирист. Ш.Шабдолов афзуд, ки ин ҷо сухан дар бораи камбизоатҳо меравад. Агар 1 миллион дастгоҳи телефонӣ дар хонаҳои 250 000 оилаи камбизоат насб гардад, 750 ҳазор адади он муаллақ монда, ба як манбаи суйистифода табдил ёфтанаш мумкин аст.

Июнь 13, 2012 15:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Ню-Йорк омодагӣ ба Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе баррасӣ шуд
Роҳҳои мошингарди шаҳри Кӯлоб таҷдиду навсозӣ мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҳайати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар конференсияи байналмилалӣ дар Самарқанд иштирок дорад
РӮЗИ ДОНОРӢ. «Тоҷикаэронавигатсия» дар ҳамкорӣ бо Маркази ҷумҳуриявии илмии хун чорабинӣ доир намуд
Соҳаҳои маорифу тандурустии шаҳри Турсунзода ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 омода мешаванд
Ҳунармандони тоҷик соҳиби дипломи Фестивали байналмилалии атлас ва адрас дар Марғелон гардиданд
Дар Душанбе масоили омодагӣ ба Конфронси тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба гуногунии биологӣ баррасӣ шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ ИНСОН ВА ШАҲРВАНД». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конфронси илмию амалӣ оғоз гардид