Пешгирии хатари ҳашароти зараррасон

Июнь 8, 2012 17:03

Душанбе, 8 июн. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Тибқи супориши вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов ба наздикӣ як гурӯҳ мутахассисони Муассисаи давлатии муҳофизати растаниҳо ва истифодаи кимиёии кишоварзии вазорати мзкур барои омӯзиши сабабҳои пайдоиш, паҳншавӣ ва зарароварии зиёди ҳашароти зараррасони майдонҳои боғи зардолу аз хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Б. Ғафурови вилояти Суғд дидан намуданд.Зимни гузаронидани мушоҳидаҳо дар хоҷагии деҳқонии «Парвиз»-и ноҳияи Б. Ғафуров маълум гардид, ки дар майдони як гектар зардолузор касалии монилиоз паҳн гаштааст ва ин замин тавассути дорувории фунгитсиди Байлетон коркард шудааст. Дар хоҷагиҳои деҳқонии ба номи Абдулло Раҳимбоев ва ба номи «Ҳоҷӣ Абдурауф»-и ноҳияи Б. Ғафуров паҳншавии гамбӯсаки сиёҳи заррин ва касалии клястероспориоз дар зардолузорҳо мушоҳида гардид. Бо кӯмаки мутахассисони соҳа баҳри мубориза бар зидди ҳашароти зараррасони боғи зардолу ва паҳншавии касалиҳо чораҳои амалӣ андешида шуд. Мутахассисони вазорати кишоварзӣ оид ба қабули тадбирҳои мубориза бар зидди монилиоз, клястероспориоз ва паҳншавии ҳашароти зарарасон ба кишоварзони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маслиҳатҳои муфиди методӣ пешниҳод намуданд.

Июнь 8, 2012 17:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад