Расидан ба сулҳ осон набуд

Июнь 22, 2012 14:25

Душанбе, 22 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Ҳушёрии сиёсӣ , ҳифзи марзу бум, арзишҳои ваҳдати миллӣ, субботу оромӣ ва дурнамои рушди устувори иқтисодиёти миллӣ дар шароити феълӣ рисолати мардум ва Ҳукумати Тоҷикистон аст». Ин матлаб зимни баргузории конфронси илмию амалӣ, ки таҳти унвони «Плюрализм ва масъалаҳои замонашавии низоми сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 22 июн дар Душанбе баргузор гардид, зикр шуд. Конфронс бо ибтикори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҷумҳурӣ ба ифтихори 15-умин солгарди Рўзи Ваҳдати миллӣ созмон дода шуда, дар он кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ, парлумон , аъзои собиқ Комиссияи оштии миллӣ ва ҳайати музокироти сулҳи тоҷикон, муовинони раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои кишвар, намояндагони аҳзоби сиёсӣ, коршиносони масоили сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва васоити ахбори омма ширкат доштанд. Конфронси мазкур бобати дарки аҳамияти имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, арзёбии паҳлўҳои гуногуни ҷанги шаҳрвандӣ, муттаҳид намудани нерўҳои созанда баҳри рушди минбаъдаи ҷомеи дунявӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ нақши барозанда дорад. Дар ҷараёни конфронс Бобохон Маҳмадов – директории Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҷумҳурӣ, Муҳаммадӣ Сафолов — мушовири Президенти ҷумҳурӣ, Кароматулло Олимов, ноиби президенти Академияи илмҳои кишвар, Қурбон Восеъ- раиси Кумитаи иҷроияи «Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон», Абдунабӣ Сатторзода — аъзои собиқ Комиссияи оштии миллӣ ва ҳайати музокироти байни тоҷикон доир ба паҳлўҳои гуногуни сабабҳои низои байни тоҷикон ва таъмини сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон, ваҳдат ва истиқлолият ду нерўи густаришдиҳандаи давлати соҳибистиқлол, сабақҳои омўзандаи сулҳи тоҷикон, арзиши таърихии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон ва соири масъалаҳои марбут ба низоми сиёсии Тоҷикистон ва гуногунандешӣ дар шароити кунунӣ табодули назар намуданд. Зикр шуд, ки санади сарнавиштсоз- Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон , ки 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав –пойтахти Русия ба имзо расид, на танҳо ба кашмакашҳои дохилӣ дар кишварамон хотима гузошт, балки он дар таъмини сулҳу субот, тақвияти ваҳдати миллӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ташаккули арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, раванди созандагию ободонӣ ва рушди устувори иқтисодиёти миллӣ заминаи боэътимод гузошт. Чӣ сабаб шуд, ки дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ ба вуқўъ пайваст? Кароматулло Олимов, аъзои собиқ Комиссияи оштии миллӣ зимни ташреҳи сабабҳои ба вуҷуд омадани низоъ дар Тоҷикистон гуфт: Барҳам хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ, ки он аз сўи кишварҳои абарқудрат ҷараён гирифт ва барои пош хўрдани он садҳо миллион доллар масраф шуд, яке аз омилҳои ба вуқўъ пайвастани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аст. Зеро бо пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ риштаҳои сусте, ки дар кишварҳои собиқ Шўравӣ вуҷуд доштанд, гусаста гардиданд. Ҳодисаҳое, ки дар ҷумҳуриҳои собиқ Шўравӣ, назири Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон ва Ўзбекистон ба амал омада буданд , далели гуфтаҳост ва дар Тоҷикистон, ки рўҳияи мардум мутаммарказ буд ва дар идораи давлати миллӣ ҷасорату иродаи сиёсӣ надоштан, сабаб шуд, ки иддае аз кишварҳои абарқудрат ва минтақа аз вазъияти ноустувор ва холигии сиёсӣ истифода намуда, оташи ҷанги шаҳрвандиро дар кишварамон аланга занониданд. Маҳалгароию ифротгароӣ дар минтақаҳои кишвар дар он солҳои мудҳиш низ ба сар задании низоъ дар Тоҷикистон сабаб шуд , инчунин бархе аз васоити ахбори омма дар паҳн намудани ақидаҳои экстремистӣ барои амиқтар шудани ҳодисаҳо мусоидат менамуданд. Кароматулло Олимов зикр кард, ки дар солҳои нахустини сар задани низоъ сохторҳои қудратии кишвар ба Конститутсия, ки қонуни асосии миллати тоҷик буд хиёнат карда, манфиатҳои давлатро ҳимоя накарданд ва гурўҳои ҷинояткор ба гирдоби фоҷеаҳо ҳамроҳ шуданд. Дар маҷмўъ низоъе, ки дар солҳои баъди ба даст овардани Истиқлолияти миллӣ дар Тоҷикистон сар зад, таҳмилӣ буд ва он аз сўи бегонагон таҳррезӣ гашт, ки хисороти зиёди ҷонию молӣ ва равониро ба бор овард.  Дар конфронс таъкид шуд, ки сулҳи тоҷикон ба осонӣ ба даст наомадааст. Зеро баъд аз 21 вохўрию музокироти тарафҳои мухолиф , ки дар зарфи қариб чор сол дар шаҳрҳои Кобул, Бишкек, Алмаато, Ашқобод, Теҳрон ва ахиран дар Маскав баргузор гардид, санади тақдирсоз ба имзо расид, ки он аз хиради азалии тоҷикон дар шахсияти Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари собиқ нерўҳои мухолифин, марҳум Саид Абдулллои Нурӣ шаҳодат медиҳад. Ҳамзамон иштирокдорони конфронс роҳҳои тақвияти ваҳдати миллӣ, истеҳкоми пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи арзишҳои миллиро баррасӣ намуда, дар шароити феълии раванди сиёсии ҷаҳон ва вазъи амнияти минтақа аз даст надодани ҳушёрии сиёсиро таъкид карданд.

Июнь 22, 2012 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад