Сӯҳбати С.Девонаев бо ҳайати ХФМ

Июнь 7, 2012 10:19

Душанбе, 7 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – 6 июн сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафиалло Девонаев ҳайати Хадамоти федералии муҳоҷирати Федератсияи Русия (ХФМ) бо сардории директори генералӣ Сергей Елизаровро ба ҳузур пазируфт.Тавре ки аз маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, чанде пеш ҳамтоёни русиягӣ бо намояндагии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикхориҷакор» Созишномаи ҳамкорӣ дар амри муташаккилона ҷамъ овардани муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро имзо намуда ва барои шинос шудан бо вазъияти кор ба шаҳри Душанбе омаданд.Ҷонибҳо як қатор пешниҳодоти мушаххасро бобати беҳдошти кор барои танзими муҳоҷирати меҳнатӣ мавриди муҳокима қарор доданд.Зикр гардид, ки Хадамоти федералии муҳоҷират дар кишвари мо 47 намояндагӣ ва шӯбаҳо дорад.

Июнь 7, 2012 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад