Сафаре, ки ҳосилаш беш аз як миллиард доллари амрикоӣ аст

Июнь 7, 2012 20:30

Душанбе, 8 июн. (АМИТ «Ховар»).- Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин бо натиҷаҳои зиёди пурарзиш ба поён расид. Тайи сафари пурмаҳсули худ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳрҳои Сямен, Лянчен, Шанхан ва Пекин ташриф оварда, дар баробари мулоқотҳо бо роҳбарияти олии ин кишвар ва иштирок дар ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай бо роҳбарони аввали Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон, бо доираҳои соҳибнуфузи сиёсӣ, иқтисодию сармоягузорӣ ва роҳбарони ширкатҳои дорои шуҳрати ҷаҳонии Чин наздики 25 мулоқоти судманди дигар анҷом дод. Дар ин рӯзҳо танҳо бо иштирок ва дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 10 санади нави ҳамкории байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравии ду кишвар доир ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат, роҳсозӣ, геология, кишоварзӣ, бонкдорӣ, телерадиокоммуникатсия ва ғайра ба имзо расид. Тавофуқоти зиёди дигар миёни корхонаю ширкатҳои давлатию хусусӣ ва соҳибкорони Тоҷикистону Чин ҳосил шуд. Тибқи яке аз чунин мувофиқаҳо дар муддати кутоҳ дар ноҳияи Шаҳритус бо харҷи беш аз 600 миллион доллари амрикоӣ сармоягузории мустақим як корхонаи сементбарорӣ бо иқтидори солонаи 3 миллион тонна сементи баландсифати навъи 620 бунёд меёбад, ки дар он беш аз 5 ҳазор кас соҳиби кори доимӣ хоҳанд шуд. Навбати аввали он баъд аз як сол бо иқтидори солонаи 1 миллион тонна семент бояд ба кор дароварда шавад. Сохтмони Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 дар муҳлати як соли оянда ба анҷом расонда мешавад ва сармоягузории зиёд ба соҳаҳои гуногун иқтисодиёти Тоҷикистон карда мешавад. Тибқи ҳамаи санадҳои дар рӯзҳои ин сафар имзошуда ҳаҷми умумии грант, кӯмакҳои техникӣ, қарзҳои имтиёзнок ва сармоягузории мустақим аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон наздики беш аз 1 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми сафари бобарору пурмаҳсул шоми имрӯз аз шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ватан омад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Июнь 7, 2012 20:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор даври дуюми маҳфил-озмун ҷамъбаст карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аз рӯйи ихтисоси забони чинӣ 352 нафар таҳсил менамоянд
Дар ноҳияи Фирдавсӣ ду ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд
Чӣ тавр метавонем дар Узбекистон бо интернет қарор дошта, чандин маротиба камтар маблағ сарф кунем
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«ОИЛА-МАКОНИ МЕҲРУБОНӢ». Дар шаҳри Норак Рӯзи байналмилалии оила таҷлил карда шуд
Дар шаҳри Турсунзода нақшаи даъват пурра иҷро гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
«ҶАВОНОН-ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ!». Таҳти чунин унвон ҳафтаи худидоракунӣ гузаронида мешавад