Сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Халқии Хитой
Душанбе, 1 июн. (АМИТ «Ховар»).- Имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари давлатӣ ва иштирок дар вохўрии сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ба Ҷумҳурии Халқии Хитой сафар кард. Дар фурўдгоҳи байналмилалии пойтахт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёров ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд. Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ, Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, Вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов, Вазири энергетика ва саноат Шералӣ Гул, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Давлаталӣ Саидов, сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, Раиси Бонки давлатии амонатгузорӣ «Амонатбонк» Гулнора Ҳасанова ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.