Суханронии Э.Раҳмон дар ҷаласаи мизи мудаввари Конфронси СММ оид ба рушди устувор
Душанбе, 21 июн. (АМИТ «Ховар»).- Рӯзи 20-уми июн Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин дар ҷаласаи мизи мудаввари Конфронси СММ оид ба рушди устувор иштирок ва суханронӣ намуд. Сарвари давлати Тоҷикистон бо таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба мушкилоти вобаста ба афзоиши аҳолии сайёра, тағйироти глобалии иқлим, бӯҳронҳои молиявӣ, энергетикӣ ва озуқаворӣ, таъкид дошт, ки «ҳадафҳои рушди устувор барои муддати дароз бояд мушаххасу шаффоф бошанд ва аз ҳама муҳимтараш, ба қонеъ намудани ниёзҳои табақаҳои аз ҳама осебпазири мардум ва занону кӯдакон равона гарданд». Эмомалӣ Раҳмон бо арзи сипос аз пазируфта шудани пешниҳоди Тоҷикистон оид ба эълони соли 2013 чун Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об аз тамоми давлатҳо даъват намуд, ки «дар кори васеътар гузаронидани чорабиниҳои ин соли фаъолтар ширкат варзанд, то ки муколамаву ҳамкорӣ ва шарикӣ дар соҳаи истифодаи устувор ва дастаҷамъонаи захираҳои об амалӣ гардад». Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳалли масоили ОБ-ро асоси татбиқи босамари Ҳадафҳои рушди Ҳазорсола, рушди устувор барои ҳама, энергетика барои ҳама, пешбурди «иқтисодиёти сабз», паст кардани сатҳи камбизоатӣ, дастрасии умумӣ ба озуқаворӣ, таъмини санитария ва дигар ҳадафҳои эълоншудаи глобалӣ номида, ҷомеаи ҷаҳониро ба таҳия ва қабули стратегияҳои мушаххаси маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ оид ба идоракунии захираҳои об даъват намуд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид






