Таҷлили 15-солагии Ваҳдати миллӣ дар Покистон
Душанбе, 29 июн. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — 26 июни соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Исломии Покистон 15-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 20-солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон дар толори бузурги меҳмонхонаи “Серена”-и шаҳри Исломобод таҷлил гардид. Дар маъракаи мазкур беш аз 300 нафар, аз ҷумла роҳбарони сохторҳои давлатии кишвари иқомат, ходимони ҷамъиятию сиёсӣ, илму фарҳанг, соҳибкорон, намояндагони ВАО, корпуси дипломатии муқими шаҳри Исломобод, тоҷикони сокини Покистон ширкат варзиданд. Дар гӯшаи махсуси “Тоҷикистон” китобҳо, маҷаллаю рӯзномаҳо ва дигар маводҳо оид ба ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти мамлакат, меваҳо ва таомҳои миллӣ, намунаи ҳунарҳои зебои мардуми тоҷик гузошта шуда буданд. Ҳамзамон ба ҳозирин филми мустанад дар бораи пешрафту дастовардҳои навини Тоҷикистон ва табиати дилфиреби он намоиш дода шуд. Дар чорабинӣ гурӯҳи ҳунармандони тоҷик бо оҳангу сурудҳои миллӣ, аз ҷумла мусиқии машҳури “Шашмақом”, хотири ҳозиринро шод намуд. Сафири Фавқулодда ва Мухтори Тоҷикистон дар Покистон Зубайдулло Зубайдов дар бораи моҳияту арзиши Ваҳдати миллӣ барои мардуми тоҷик суханронӣ намуд. Ӯ ҳамчунин оид ба 20-солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатии байни Тоҷикистон ва Покистон сухан гуфта, сатҳи баланди ҳамкориҳои дуҷонибаро дар шароити ҳозира таъкид сохт. Вазири роҳи оҳани Покистон Ҳоҷӣ Ғулом Аҳмад Билур аз номи Президент ва Сарвазири Покистон роҳбарият ва мардуми Тоҷикистонро бо ҷашни Ваҳдати миллӣ табрик намуд. Ҳоҷӣ Ғулом Аҳмад Билур дар якҷоягӣ бо Сафири Тоҷикистон З. Зубайдов намоишгоҳи аксҳои бахшида ба Тоҷикистонро ифтитоҳ карданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷаи кишвар иттилоъ доданд.








Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд






