Тарҳрезии меъёри рушди муассисаҳои томактабӣ
Душанбе, 1 июн. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Имрӯз, 1 июн, дар Академияи маорифи Тоҷикистон маросими муаррифии меъёри рушди ибтидоӣ ва таълими кӯдак аз рӯзи таваллуд то 7 солагӣ баргузор мегардад. Ҳуҷҷати мазкурро гурӯҳи кории Академия тарҳрезӣ намуда ва он барои роҳбарони муассисаҳои томактабии бачагон, услубшиносон, гурӯҳҳои томактабии хонаҳои бачагон, маркази рушди кӯдак ҳамчунин барои волидайн пешбинӣ шудааст. Мувофиқи суханони президенти Академияи маорифи Тоҷикистон, академик Ирина Каримова, дар ҳуҷҷати зикршуда самтҳои мухталифи рушди кӯдак, фаъолияти ӯ дар давоми синну соли муайян зикр ёфтаанд. Меъёрнома ба забонҳои давлатӣ ва русӣ чоп шудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






