Вохӯрӣ бо соҳибкорони инфиродӣ

Июнь 4, 2012 17:02

Душанбе, 4 июн. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии раиси кумита Давлаталӣ Саидов ва раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатов бо соҳибкорони инфиродие, ки тибқи патент ва шаҳодатнома фаъолият мекунанд, баргузор гардид.Мақсад аз гузаронидани чорабинӣ шунидани пешниҳодҳои соҳибкорон ва ба инобат гирифтани онҳо ҳангоми таҳияи лоиҳаи Кодекси андоз дар таҳрири нав ва такмили Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2009 “Дар бораи тасдиқи қоидаҳои андозбандии шахсони воқеие, ки бидуни таъсиси шахси ҳукуқӣ ба фаъолияти соҳибкории инфиродӣ машғуланд ва муқаррар намудани андозаи андози иҷтимоӣ барои аъзои хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ), аз ҷумла роҳбари хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ), ки шахси ҳуқуқӣ намебошанд” арзёбӣ гардид. Д.Саидов вобаста ба сиёсати муосири давлат ҷиҳати дастгирии рушди соҳибкорӣ дар кишвар сухан ронда, зикр кард, ки дар ҷаласаи Маҷлиси Намояндагони Маҷлисии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ” баррасӣ ва қабул гардид, ки ин раванд яке аз имтиёзҳои давлат доир ба рушди соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ мебошад.Дар навбати худ раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2009 ибрози андеша намуд.Дар ҷараёни вохӯрӣ аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ тавсия ва пешниҳодҳо доир ба лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав, масъалаҳои иҷтимоии соҳибкорони инфиродӣ ҳангоми гирифтани нафақа, гузариш аз низоми соддакардашудаи андозбандӣ ба низоми умумӣ ва тартиби пардохти андоз аз арзиши иловашуда, андозбандӣ дар соҳаи истеҳсоли маҳсулоти ширӣ, рақобати носолим дар байни соҳибкороне, ки тибқи патент фаъолият мекунанд ва монеаҳои андоз аз фурӯши чакана вобаста ба ҷалби сармоягузорӣ, яктарафа қатъ кардани фаъолияти соҳибкорони инфиродие, ки патент гирифтаанду фаъолият намекунанд ва ё маблағи патентро ба мӯҳлати зиёда аз 3 моҳ пардохт намекунанд ва дигар мушкилоти ҷойдошта баён гардиданд. Роҳбарони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва Кумитаи андоз изҳор намуданд, ки ҳамаи таклифу дархостҳои пешниҳодгаштаро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд ва онҳоро дар ҷараёни таҳияи лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ва такмили Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2009 “Дар бораи тасдиқи қоидаҳои андозбандии шахсони воқеие, ки бидуни таъсиси шахси ҳукуқӣ ба фаъолияти соҳибкории инфиродӣ машғуланд ва муқаррар намудани андозаи андози иҷтимоӣ барои аъзои хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ), аз ҷумла роҳбари хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ), ки шахси ҳуқуқӣ намебошанд” ба инобат мегиранд.

Июнь 4, 2012 17:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад