Вохӯрии вазири корҳои дохилии ҶТ бо сафири Британия

Июнь 22, 2012 09:52

Душанбе, 22 июн. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов дирӯз, 21 июн бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Иттиҳодияи Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Робин Орд Смит мулоқот доир намуд. Бинобар иттилои сомонаи расмии ВКД, дар мулоқоти мазкур муовини Сафир ҷаноби Марк Вудхам низ иштирок намуд. Дар ҷараёни вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ ҷаноби Робин Орд Смитро ба муносибати ба вазифаи пурмаҳсули дипломатӣ, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Иттиҳодияи Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданаш табрик намуд. Инчунин Вазири корҳои дохилӣ доир ба фаъолияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, терроризм ва рафти ислоҳоти милитсия суханронӣ намуд. Дар хотима тарафайн аз вохӯрӣ изҳори қаноатмандӣ намуда қайд карданд, ки дар оянда ҳамкориҳоро вусъат хоҳанд дод.

Июнь 22, 2012 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!