БМИМТ: Истифодаи самараноки маблағ ва афзоиши лоиҳаҳо
Душанбе, 10 июля. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон (БМИМТ) дар натиҷаи истифодаи самараноки маблағҳо давоми соҳои 2010-2013 ба ҷойи 38 лоиҳа татбиқи 41 лоиҳаро ба роҳ мондааст. Ин нуқтаро зимни нишасти матбуотӣ 10 июл директории иҷроияи БМИМТ Саидаҳмад Мирзоев ба хабарнигорон иттилоъ дод. Вай афзуд, ки аз ҷумла тибқи нақша татбиқи 14 лоиҳа дар соли 2010-2011, 13 лоиҳа дар соли 2011-2012 ва 11 лоиҳа дар соли 2012-1013 дар назар буд, вале бо дарназардошти истифодаи самараноки маблағ ва таъсири қурби асъори хориҷӣ нисбат ба асъори миллӣ давоми солҳои 2010-2012 як адади зиёд лоиҳа татбиқ шуда, то соли 2013 татбиқи 12 лоиҳа ба ҷоийи 11 лоиҳа дар назар аст. Мавриди ёдоварист, ки БМИМТ Барномаи «Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфраструктураи коммуналӣ» (марҳилаи дуюм)-ро аз 1 сентябри соли 2009 то 30 апрели соли 2013 дар 20 ноҳияи вилояти Хатлон амалӣ мекунад. Маблағи умумии ин барнома 15,9 миллион доллари ИМА буда, 15,4 миллион и он саҳми Ҳукумати Олмон, 0,32 миллион саҳми Ҳукумати Тоҷикистон ва 0,19 миллион саҳми аҳолӣ мебошад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






