Натиҷагирӣ аз татбиқи лоиҳа дар Кўлобу Ҳисор

Июль 17, 2012 16:25

Душанбе, 17 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Имрўз дар шаҳри Душанбе Форуми фаъолони гендерӣ дар ҳошияи татбиқи лоиҳаи «Сиёсат дар амал: таъмини ҳуқуқҳои занон ба моликият дар асоси меъёрҳои Кодекси оила ва Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҳуқуқҳои мусулмонон аз рўи шариат» баргузор гардид. Чорабинӣ бо ибтикор ва дастгирии намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, намояндагии «Миссияи Шарқ» дар Тоҷикистон», созмони ҷамъиятии «Мунис» (Ҳисор) ва Маркази омўзиши гендерӣ созмон дода шуда, дар он намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, намояндагони дин ширкат доштанд.  Иштирокдорони ҳамоиш бо натиҷагирӣ аз татбиқи лоиҳаи мазкур ҳамзамон роҷеъ ба роҳҳои татбиқи ҳимояи ҳуқуқҳои занон ба моликият, усулҳои кор бо волидайн, дар мавриди ҷалби духтарон ба таҳсил, раванди ҳамкории созмонҳои ҷамъиятии занон бо намояндагони сохторҳои динӣ табодули назар карданд. Бояд тазаккур дод, ки лоиҳаи мазкур дар зарфи 20 моҳ дар чор ҷамоати деҳоти минтақаи Кўлоб ва 1 ҷамоати деҳоти ноҳияи Ҳисор татбиқ гардида, ҳадафаш беҳбудбахшии рўзгори занони деҳот, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо, рушди соҳибкорӣ дар байни занону духтарони маҳаллӣ буда, ба он 9 ҳазор зани минтақаҳои Кўлобу Ҳисор ҷалб гардидааст. Дар ҳамоиш Барбара Джеймс -мудири намояндагии «Миссияи Шарқ» дар Тоҷикистон, модернатор ва менеҷери лоиҳа София Қосимова, Муборак Акбарова ва роҳбари созмони ҷамъиятии «Мунис» доир ба татбиқи ин лоиҳа, ҷалби намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, дин, андоз ва соири сохторҳо ибрози назар намуданд. Зикр шуд, ки лоиҳаи мазкур дар мавриди баланд бардоштани хуқуқҳои занон аз лиҳози қонунҳои дунявӣ ва шариат афзалият дошта, дар беҳдошти рўзгори занони деҳотӣ, хусусан ба соҳибкории хурд машғул шудани онҳо нақши муҳим мебозад, зеро шароити рўзгор дар деҳоти Тоҷикистон, ки аксаран аз оилаҳои суннатӣ иборат аст, хусусиятҳои худро дорад.

Июль 17, 2012 16:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад