«Ала» 101 кило каннабис ёфт
Душанбе, 2 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ, ки дар доираи амалиёти «Кӯкнор — 2012» баргузор гардиданд, кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо ёрии саги хизматии ҷустуҷӯӣ бо лақаби «Ала» дар минтақаи байни деҳаҳои Кишт ва Дашти Ҷуми ноҳияи Шӯрообод аз махфигоҳи махсуси муҷаҳҳаз 7 халтаро, ки дар дохилашон маводи фишурдаи алафмонанди дорои бӯи махсус ҷойгир буд, дарёфт намуданд.Мутахассисони шӯъбаи ташхиси судии Раёсати АНМН дар вилояти Хатлон муайян карданд, ки маводи мусодирашуда воситаи нашъадори гурӯҳи каннабис буда, вазнаш бештар аз 101 килоро ташкил медиҳад.Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






