Чанд хабар аз хориҷи кишвар

Август 22, 2012 16:23

Қонуни нави Парлумони Юнон Душанбе, 22 август. (АМИТ «Ховар»).-Парлумони Юнон қонуне баровард, ки нафароне, ки аз пардохти андозпулии нав ҷоришуда саркашӣ мекунанд, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Вале қонуни нав миёни мардум чандон дастгирӣ пайдо накард. Ба гуфти ҳукуматдорони Юнон қонуни нав боиси пешравии мамлакат мешавад. Масалан дар минтақаи сайёҳии Идраи Юнон соҳибмулки тарабхонае боздошт гардид, ки ба мизоҷони худ варақаи пардохтпулии таъомҳои истеъмолкардаро пешниҳод намекардааст.Чунин ҳолат норозигии мардумро ба миён оварда, боиси сар задани бетартибӣ гардида, барои ба эътидол овардани вазъият гурўҳи таъиноти махсус сафарбар шуд. Ҷониби мухолифин амали ҳукуматдоронро маҳкум намуданд. Пас аз зиёд шудани ҳаҷми андозпулиҳо сокинонро ин раванд сахт нороҳат намудааст ва он боиси сар задани ҳар гуна иғвоҳо мегардад.Таркиш дар ДоғистонДушанбе, 22 август. (АМИТ «Ховар»).-Соати 6-00 субҳи имрӯз дар яке аз биноҳои истиқоматии шаҳри Дарбанди Ҷумҳурии Доғистони Федератсияи Русия таркиши вазнин ба амал омад. Ба гуфти роҳбари мақомоти полиси мамлакат моддаи таркандаи худсохт дар дохили манзили зист ба кор дароварда шудааст. Дар ин ҳодиса соҳибхона, ки ҷароҳати вазнин бардоштааст, гумонбар дониста мешавад. Пас аз гузаронидани тафтишоти фаврию ҷустуҷӯӣ аз манзили зисти ў миқдори зиёди силоҳ ва моддаҳои таркандаи худсохт мусодира шудааст. Фалокат дар ТотористонДушанбе, 22 август. (АМИТ «Ховар»).-То ҳол бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Қазони ҷумҳурии Тотористон идома дорад. Ёдовар мешавем, ки дар ин минтақа чанд рўз боз боришоти зиёд ва обхезиҳои шадиди пай дар пай идома доранд. Дар натиҷаи боронҳои зиёд ва жола ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳо мушкил гардида, садамаҳои нақлиётӣ бештар рух медиҳанд. Кормандони хадамоти коммуналӣ фаъолияти худро ба таври шабонарўзӣ идома медиҳанд, вале бо вуҷуди ин мушкилот ҳанўз ҳам зиёд аст.Тибқи маълумоти мутахассисони ҳавошинос боришоти борон ва обхезӣ дар Ҷумҳурии Тотористон боз чанд рўзи дигар идома хоҳад ёфт. Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ.

Август 22, 2012 16:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!