Истироҳати мактабиёни боистеъдод
Душанбе, 23 август. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).- 120 нафар хонандагони мактабҳои пойтахт аз 21 то 26 август таътили тобистонаро дар истироҳатгоҳи «Зимчуруд»-и дараи Варзоб сипарӣ мекунанд. Маркази рушду такомули наврасони боистеъдоди Раёсати маорифи шаҳри Душанбе ҳар сол ин истироҳатгоҳро барои кӯдакон ташкил медиҳад.Ба гуфтаи раиси маркази мазкур Рустам Сафаров, имсол дар инҷо ғолибони олимпиадаҳои мактабиён, дипломдорони конфронси илмии шаҳрӣ, фаъолони мактабҳо ва тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо истироҳат мекунанд. Мақсад аз ташкили чунин истироҳатгоҳҳо фаро гирифтани шумораи ҳарчи бештари кӯдакони лаёқатманд ва фароҳам овардани шароити рушди қобилияту истеъдоди онҳо дар вазъияти орому гуворо мебошад.Баъди анҷоми истироҳат кӯдакони боистеъдоду фаъолтарин барои таҳсил ба муассисаҳои таълимии Маркази рушду такомули наврасони боистеъдод қабул карда мешаванд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






