Вохӯрии роҳбарони мақомоти зиддимухаддиротии Қирғизистон ва Тоҷикистон
Душанбе, 28 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Имрӯз дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд вохӯрии дуюми роҳбарони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии назорати маводи нашъадори Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мегардад.Дар ин бора аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.Зимни мулоқот масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои сарҳадӣ дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор муҳокима мешаванд.Бояд зикр намуд, ки миёни мақомоти зиддимухаддиротии Қирғизистон ва Тоҷикистон дар масъалаҳои мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор табодули ахбори оҷилӣ хуб ба роҳ монда шуда ва ин имконият медиҳад, то гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпешаеро, ки алоқаи мустаҳками байналмилалӣ доранд, ошкор ва нобуд созанд. Гурӯҳи корӣ аз рӯзи ба имзо расидани Протокол дар бораи ҳамкориҳо байни ХДНМН ҶҚ ва АНМН ҶТ дар масъалаҳои ташкили ҳамкориҳои наздисарҳадӣ дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, ки 6 майи соли 2011 дар шаҳри Ӯш имзо шуда буд, ҷаласаи дуюми худро доир мекунад. Дар ин давра ин ду мақомоти зиддимухаддиротӣ 6 амалиёти махсуси муштарак гузарониданд. Дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо Протоколи гурӯҳи кориро ба имзо мерасонанд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






