Нақшаи муштарак
Душанбе, 4 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Тавре ки ба АМИТ «Ховар» сардори Хадамоти матбуоти Кумитаи Марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдурақиб Қодиров иттилоъ дод, бо ташаббуси Кумитаи Марказии ин Ташкилот ва дар мувофиқа бо Вазорати мудофиа ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳкрии Тоҷикистон нақшаи баргузор намудани чорабиниҳои тарғиботӣ ва варзишӣ барои ҷалби ҷавонон ба сафҳои Артиши миллӣ дар маъракаи даъвати тирамоҳӣ таҳия ва тасдиқ гардид.Дар доираи он баргузории консерти сурудҳои ватандӯстӣ, чопи варақаҳои таблиғотӣ, тарғибу ташвиқ тавассути воситаҳои ахбори омма, баргузор намудани озмуни шеъру мақолаҳои ватандӯстӣ миёни шоирону рӯзноманигорон, ташкили вохӯриҳо бо сарбозон ва падару модарони онҳо ба назар гирифта шудааст.Умед мекунем, ки доир намудани ин тадбирҳо боиси тақвияти иртиботи миёни артиш ва ҷомеа гардида, эътимод ба артиш дар сатҳи ҷомеаро боз ҳам болотар хоҳад бардошт.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






