Роштқалъа обод мегардад
Хоруғ, 18 сентябр. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).-Сокинони ноҳияи Роштқалъа аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Сарвари кишварамон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди соҳаҳои мухталиф сипосгузоранд. Маркази ноҳияи Роштқалъа бо бунёд гардидани иншооти наву замонавӣ, ки тӯли солиёни охир бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шудааст, симои зоҳирии худро ба куллӣ дигаргун намудааст. Варзишгоҳи марказии ноҳия, биноҳои нави «Амонатбонк», «Тоҷиксодиротбонк» номгӯи нопурраи иншооте ҳастанд, ки танҳо дар маркази ноҳия бунёд гардидаанд. Дар баробари ин дар ҷамоатҳои ноҳия муассисаҳои зиёди соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва фарҳангӣ ба истифода дода шудаанд. Сокинони ин ноҳияи баландкӯҳ, ки зодаи замони соҳибистиқлолии кишвар ҳастанд, ҳамаи ин ободиву бунёдкориҳоро самараи дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳисобанд. Имрӯзҳо сокинони ноҳияи Роштқалъа аз фазои тинҷу ором ва осудаи кишвар шукргузор буда, ҳар яке пайи татбиқи ниятҳои неку созандаи худ фаъолият доранд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






