Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд арзиши олист

Октябрь 19, 2012 15:33

Душанбе, 19 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Имрӯз таҳти раёсати Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон М.А. Маҳмудов дар Суди конститутсионӣ баррасии парванда оид ба дархости шаҳрвандон Шарипов А.П. ва Романов С.Т. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати қисми 5 моддаи 91 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 21 ва 92 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони ваколатдори Маҷлиси Олӣ ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионӣ, намояндагони Суди Олӣ, Прокурори генералӣ, Шӯрои адлия ва Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия иштирок намуданд. Суди конститутсионӣ дархости пешниҳодгардидаро дар алоқамандӣ бо талаботи Конститутсия, санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди санҷишу таҳлил қарор дода, зикр менамояд, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд арзиши олӣ буда, онҳо аз тарафи давлат эътироф, риоя ва ҳифз мешаванд. Вобаста ба ин, эътироф ва кафолат дода шудани ёрии адвокат аз лаҳзаи дастгир шудан, ёрии ҳуқуқӣ дар тамоми марҳилаҳои тафтишот ва мурофиаи судӣ, инчунин дар вақти адои ҷазои ҷиноятӣ аз ҷумлаи муҳимтарин ҳуқуқу озодии конститутсионии инсон ва шаҳрванд ба шумор рафта, дар асоси муқаррароти моддаҳои 19 ва 92 Конститутсия, Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ, Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва «Қонун дар бораи адвокатура» ба амал бароварда мешавад.Бо ин назардошт, Суди конститутсионӣ қисми 5 моддаи 91 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятиро ба моддаи 92 Конститутсия мутобиқ ҳисоб намуд.Ҳамзамон, Суди конститутсионӣ диққати Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таъмини иҷрои бечуну чарои муқаррароти қисми 5 моддаи 91 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона намуда, ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои вайронкунии ҳуқуқҳои маҳкумшудагон андешидани чораҳои дахлдорро ҷалб менамояд.Ҳамчунин Суди конститутсионӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар баррасӣ ва таҷдиди назар намудани тартиби мавҷудаи аз тарафи маҳкумшудагон истифода бурдани ёрии адвокат пешбининамудаи қисми 5 моддаи 91 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки муҳимтарин ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд ба шумор меравад, бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ мувофиқи мақсад мешуморад.

Октябрь 19, 2012 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад