Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷӣ дар Кувейт
Душанбе, 16 октябр. (АМИТ «Ховар»). – 14 октябр дар пойтахти давлати Кувейт шаҳри Ал – Кувейт ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Муколама оид ба ҳамкорӣ дар Осиё баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии вазири корҳои хориҷии кишвар Ҳамрохон Зарифӣ ширкат дошт. Ҷаласаро муовини Сарвазир ва вазири корҳои хориҷии Кувейт Шайх Сабоҳ ал – Холид ас – Сабоҳ бо сарсухан кушод. Баъди гузориши ҳамоҳангсози Муколама оид ба ҳамкорӣ дар Осиё – вазири корҳои хориҷии Таиланд Сурапонг Товичакчайкул, ҳамраиси ҷаласа — вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ идораи ҷаласаро ба ӯҳда гирифт. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни суханрониаш саъю кӯшишҳои Кувейтро барои ташкили ҳамоиши якуми Муколама оид ба ҳамкорӣ дар Осиёро чорабинии муҳим номбар кард. Ҳамрохон Зарифӣ фикрашро аз рӯи самтҳои муҳиму афзалиятноки ҷаласа баён карда, таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба таҳкими ҳамкорӣ дар амри ҳамгироии иқтисодӣ, таъмини дастрасии аҳолӣ ба нерӯи барқ, инвеститсияҳои мутақобилан муфид, рушди савдо, энергетика, нақлиёт ва кишоварзӣ ҷалб намуд. Дар ҷаласа ҳамчунин лоиҳаи Эъломияи ҳамоиши якуми Муколама оид ба ҳамкорӣ дар Осиё мавриди муҳокима қарор гирифт.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






