Ҷуброни зарар
Душанбе, 15 октябр.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти сардори шӯъбаи ташхиси шароити меҳнати Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Мӯсо Исомуддинов, дар бисёр маврид корфармо зарари ба корманд дар истеҳсолот расонидаро ба тарзи ихтиёрӣ ҷуброн кардан намехоҳад, ки ин дағалона вайрон кардани қонуни меҳнат дар давлати соҳибистиқлол мебошад.Соли ҷорӣ дар асоси як санҷиши мутахассисони хадамоти мазкур зарари ба оила ва фарзандони ғайри қобили меҳнати ашхоси дар истеҳсолот фавтида ба андозаи 888 ҳазор сомонӣ пардохт карда шуд.Тибқи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаҷми ёрдампулии яквақтаинаи ба коргари дар истеҳсолот фавтида 82 ҳазору 394,4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Аммо баъзе корфармоён онро дар ҳаҷми аз 20 то 30 ҳазор сомонӣ пардохт мекунанд, ки хилофи Кодекси меҳнати ҶТ аст.Бояд тазаккур дод, ки бо дахолати мутахассисони Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ соли 2011 ба 6 нафар оилаи ҷабрдидаи коргарони ҶММ «Куҳандиз» ва 2 нафар коргари Раёсати сохтмони асосии мақомоти иҷроияи маҳаллии ноҳияи Фирдавсӣ, ки тавассути ҳодисаи нохуши истеҳсолӣ ба ҳалокат расида буданд, ёрдампулии яквақтаина дар ҳаҷми 1 млн. 256 ҳазор сомонӣ аз ҷониби корфармоён талофӣ карда шуд, ки онро моддаи 156- Кодекси меҳнати Тоҷикистон пешбинӣ кардааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






