Барқароршавии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Колумбия

Октябрь 9, 2012 10:55

Душанбе, 9 октябр. (АМИТ «Ховар»). – Тавре ки аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар шаҳри Ню – Йорк маросими имзои Эъломияи муштарак дар бораи барқарор намудани муносибатҳои дипломатии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Колумбия баргузор гардид. Эъломияи муштаракро Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Сироҷиддин Аслов ва Намояндаи доимии Ҷумҳурии Колумбия дар ин созмон Нестор Осорио имзо намуданд. Баъди маросими имзои Эъломия сафирони Тоҷикистону Колумбия аз рӯи масоили роҳандозӣ ва рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан муфиди байни ҳар ду кишвар, ҳамчунин перомуни масъалаҳои мухталифи рӯзномаи Созмони Милали Муттаҳид табодули афкор намуданд.

Октябрь 9, 2012 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!