Институти асрофизика 80 – сола шуд
Душанбе, 30 октябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Институти асрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 80 – солагии таъсисёбиашро таҷлил мекунад. Ба муносибати ин санаи фархунда 29 октябр дар маҷлисгоҳи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмию амалии байналмилалӣ дар мавзӯи «Физика ва суръати гардиши ҷисмҳои хурди Системаи офтобӣ» баргузор гардид. Ба ин чорабинии ботантана олимони бахши астрофизикаи Қазоқистон, Русия, Украина ва донишкадаҳои олии Тоҷикистон даъват шуда буданд. Директори Институт, узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, президенти Ҷамъияти астрономии Тоҷикистон Хурсанд Ибоддинов дар ҳузури иштирокдорони конфронс дар мавзӯи вазъи ҳозираю ояндаи Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон гузориш дод.Олимони намоёни астрофизикаи академияҳои илмҳои Украина ва Қазоқистон зимни суханрониашон зикр намуданд, ки Институти астрофизикаи Академияи илмҳои ҶТ бо тадқиқоту корҳои ҷолиби худ марраҳои пешсафи илмро касб намудааст.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






