Маҳфили Хақназар Ғоиб дар Кӯлоб
Кӯлоб, 11 октябр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Бахшида ба 50- солагии фаъолияти адабӣ ва ҷамъиятии Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи устод Рӯдакӣ — Ҳакназар Ғоиб дар коллеҷи омӯзгории назди ДДК ба номи Рӯдакӣ маҳфили ширу шакар баргузор шуд. Бояд гуфт, ки шоир Ҳақназар Ғоиб хатмкардаи собик омӯзишгоҳи педагогӣ мебошад. Дар ҳамоиши фархангӣ, ки дӯстону ҳамсабақони адиб ва донишҷӯёни коллеҷи омӯзгорӣ ширкат доштанд, аз воқеоти замони донишҷӯии устод Ҳақназар қиссаҳо карда, ёдрас намуданд, ки аввалин чакомаҳои хомаи шоир маҳз айёми донишҷӯӣ эчод шуда, аввалин шунавандаву мунаққидонаш низ хамсабақонаш буданд. Ҳамин боис гашт, ки мунаққиди ащъори Ҳакназар Ғоиб низ яке аз ҳамсабаконаш- шоир ва публитсист А. Қаландаров гардид. Зимни суханрониҳо таъкид рафт, ки шеъри Ҳакназар Ғоиб ҳамқадами замон, тараннумгар ва фарогири мавзуоти рӯзмарра буда, ҳаводорони худро дорад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






