Муҳоҷирати меҳнатӣ ва роҳҳои беҳбуди он
Душанбе, 10 октябр. (АМИТ «Ховар» Ибодат Давлатова) — Имрӯз бо ташаббуси Хадамоти муҳоҷират, Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ ва Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон дар мавзӯи «Муҳоҷирати меҳнатӣ ва роҳҳои беҳбуд бахшидан ба фаъолияти он» бо хонандагони синфҳои болоии литсейи №55-и шаҳри Душанбе вохӯрӣ доир гардид. Тавре ки сардори шӯъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷират Абдуллои Қодирӣ иттилоъ дод, дар вохӯрӣ бо мактаббачагон оид ба самтҳои асосии фаъолияти ХМ, танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷалби муташаккилона, муҳоҷирати меҳнатӣ ва роҳҳои беҳбуд бахшидан ба фаъолияти он, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва доштани касбу ҳунар дар шароити муосир сухан рафт. Инчунин зикр шуд, ки донистани забонҳои хориҷӣ, аз қабили забони русӣ, англисӣ, немисию арабӣ ва доштани касбу ҳунар ҷойгоҳ ва мавқеи муҳоҷирони меҳнатии моро дар бозори меҳнати хориҷӣ устувор месозад. Дар шароити рақобати бозори меҳнати ҷаҳонӣ омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва доштани ихтисоси муайян иқдоми саривақтист. Хамчунин иштирокчиён дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ, қонуну қарорҳои кишвари қабулкунанда ва фаъолиятҳои Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон ва Федератсияи Русия маълумоти муфассал дода, китобчаҳои роҳнамои муҳоҷирон, диск ва бархе аз маводеро, ки доир ба муҳоҷирати меҳнатӣ таҳия шудаанд, ба мактаббачагон супориданд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






