Муҳокимаи усулҳои нави ҷилавгирии нашъамандӣ
Душанбе, 23 октябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Дар семинаре, ки корашро дар пойтахти Эрон шаҳри Теҳрон анҷом дод, усулҳои нави ҷилавгирии нашъамандӣ ва ВИЧ/СПИД (вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният), таҷрибаи кишварҳои мухталиф дар амри ҷилавгирии ин бемориҳо ва масоили дигар мавриди муҳокима қарор гирифтанд.Дар семинар аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нозири калони Агентӣ Миҷгона Ҳусейнова ширкат дошт. Иштирокдорони семинар дар беморхонаи наркологии шаҳри Теҳрон ба вазъи беморони мубталои нашъамандӣ ва фаъолияти кормандони он таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуданд.Мувофиқи маълумоти манбаъ, дар ҳошияи семинар имкониятҳои мамлакатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ барои қабули барномаи нави муштарак ҷиҳати ҷилавгирии нашъамандӣ ва ВИЧ/СПИД баррасӣ шуданд. Семинарро Созмони ҳамкории иқтисодӣ даъват намуда буд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






