Намояндаи ҲХДТ дар курсии вакилӣ менишинад

Октябрь 11, 2012 14:01

Душанбе, 11 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласае, ки таҳти раёсати Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Комиссияи мазкур доир гардид, мандати вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявиро тибқи рўйхати Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ ба Дилшод Исматуллоев доданд. Ҳамин тавр бо қарори Комиссия мутобиқи моддаҳои 12, 54 ва 57-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Д. Исматуллоев ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ба қайд гирифта шуда, ваколаташ тасдиқ гардид. Усмон Солеҳ –мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки Дилшод Исматуллоев аз рўи ихтисос иқтисодшинос буда, қаблан дар вазифаи директори масъалаҳои молиявии ҶСШК «НБО Роғун» фаъолият дошт.

Октябрь 11, 2012 14:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад