Тоҷикистон соҳиби Кодекси шаҳрсозӣ шуд
Душанбе, 24 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон –Маҷлиси намояндагон 24 октябр лоиҳаи Кодекси нав –Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баъди баррасии дусоата қабул намуд. Абдувалӣ Комилов-раиси Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати ҷумҳурӣ зимни тавзеҳи лоиҳаи Кодекси шаҳрсозӣ гуфт, ки Кодекси мазкур бо мақсади танзими давлатии фаъолияти шаҳрсозӣ ва ба низоми ягонаи таркибан мувофиқшуда даровардани санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи сохтмон мутобиқ ба меъёрҳои қонунгузорӣ таҳия гардидааст. Мавсуф зикр кард, ки лоиҳаи Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилию иҷтимоии муносибатҳоро дар соҳаи шаҳрсозӣ муқаррар намуда, ҳуқуқ, уҳдадорӣ ва масъулияти мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии соҳаи шаҳрсозиро муайян ва муносибатҳои ҳуқуқии марбут ба фаъолияти шаҳрсозиро танзим менамояд. Абдувалӣ Комилов таъкид кард, ки меъёрҳои Кодекси мазкур асоси фаъолияти шаҳрсозиро ташкил медиҳад ва риояи онҳо аз тарафи мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот ва шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳатмист. Бояд тазаккур дод, ки Кодекси шаҳрсозӣ аз 2 фасл, 14 боб ва 89 модда иборат буда, он бо 25 вазорату идораҳои марбутаи кишвар мувофиқ карда шудааст. Тибқи лоиҳаи Кодекси мазкур фаъолияти шаҳрсозӣ дар Тоҷикистон дар асоси принсипҳои татбиқи фаъолияти шаҳрсозӣ бо риояи меъёр ва қоидаҳои шаҳрсозӣ, таъмини рушди устувори ҳудудҳо дар асоси банақшагирии ҳудуд ва минтақабандии шаҳрсозӣ, амалӣ намудани фаъолияти шаҳрсозӣ бо риояи ҳифзи муҳити зист, амнияти ҳудудҳо, муҳандисию техникӣ, мудофиаи гражданӣ, огоҳонидан зимни ҳолатҳои фавқулодда, ки хусусияти табиӣ ва техногенӣ доранд, андешидани тадбирҳо ҷиҳати муқовимат ва амалҳои террористӣ, санитарию экологӣ роҳандозӣ мешавад. Кодекси мазкур ба шахсони воқеию ҳуқуқӣ дар мавриди гирифтани иҷозатнома барои бунёди иншоот имтиёзҳо фароҳам меорад ва 10 намуди ҳуҷҷатнигорӣ ва иҷозатномадиҳиро, ки қаблан монеаҳо эҷод мекарданд, аз байн мебарад. Инчунин Кодекси мазкур баъзе омилҳои ғайриқонунӣ сохтани иншоот, азхудкунии қитъаи замин, хариду фурўши ғайриқонунии замин ва тахриби сохтмонҳои шаҳрвандонро, ки дар асоси иҷозатномаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ бунёд гардидаанд, аз байн мебарад. Ҳамзамон дар Кодекси шаҳрсозӣ омадааст, ки шахсоне, ки қитъаи замин гирифтаанд ва дар он сохтмонашон то 60 % иҷро гардидааст, ҳуқуқ доранд то онро фурўшанд. Зимни баррасии лоиҳаи Кодекси шаҳрсозии кишвар Шукурҷон Зуҳуров- раиси палатаи поёнии парлумони мамлакат гуфт, ки лоиҳаи мазкур дар зарфи 7 моҳ дар кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон мавриди муҳокима қарор гирифта, нисбат ба он 250 пешниҳод ироа гардидааст. Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон қабули Кодекси шаҳрсозиро дар таърихи 20 соли мустақилияти Тоҷикистон санади муҳим ва ба манфиати ҷомеа арзёбӣ кард.








Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад






