Вусъати корҳои бунёдкорӣ
Конибодом, 29 октябр. (АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов).-Дар шаҳри Конибодом бо маблағгузории соҳибкорон ва бо истифодаи технологияи аз ҷиҳати экологию ҳифзи муҳити зист боэътимод корхонаи нави истеҳсоли семент бунёд мегардад. Оғози фаъолияти навбати аввали корхона дар моҳи ноябр дар назар буда, 50 нафар коргару корманди муҳандисӣ соҳиби ҷои кор мешаванд. Иқтидори якрӯзаи корхона 250 тонна сементи навъи 400 аст. Дар ҷараёни корҳои созандагӣ дар баробари бунёди иншооти иҷтимоию маишӣ, сохтмони манзил вусъат ёфта, дар нуҳ моҳи соли равон дар шаҳру деҳоти Конибодом наздик ба 12 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ бунёд гардид ва ҳоло дар маркази шаҳр бунёди ду бинои истиқоматии бисёрошёна идома дорад. Бо маблағгузории ҷумҳуриявӣ дар ҳаҷми 3 миллион сомонӣ, ҳамчунин маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят кӯчаи марказӣ ва чанд кӯчаи асосии шаҳр дар масофаи умумии наздик ба 8 км пурра мумфарш шуд ва корҳои ободонӣ идома доранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






