Баргузории конфронси илмию амалӣ дар Исфара

Ноябрь 13, 2012 15:58

Душанбе, 13 ноябр . (АМИТ «Ховар», Сарвинози Руҳуллоҳ)- 14 ноябри соли равон дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд конфронси илмию амалӣ таҳти унвони «Дастовардҳои педагогикаи навин аз манзари Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ» баргузор мегардад. Чорабинӣ бо дастгирии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва ҳукумати шаҳри Исфара доир мешавад ва дар он олимону донишмандон ширкат хоҳанд кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Академияи таҳсилоти Тоҷикистон хабар доданд. Тибқи иттилои расида, мақсад аз баргузории конфронс баррасии дастовардҳои педагогикаи навин дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ва роҳҳои ҳалли мушкилоти таълиму тарбия дар шароити имрӯз унвон мешавад.

Ноябрь 13, 2012 15:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад