Баррасии масоили муносиботи иқтисодии Тоҷикистону Покистон

Ноябрь 22, 2012 10:20

Душанбе, 22 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Масоили ҳамкориҳои иқтисодиву сармоягузории ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Покистон дар мулоқоти раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Давлаталӣ Саидов бо сафири Покистон дар Тоҷикистон Амҷад Ҳусейн В. Сали чанде қабл дар Душанбе баррасӣ гардиданд. Д. Саидов сатҳи ҳамкориҳои иқтисодии байни ду кишварро самаранок арзёбӣ намуда, зикр кард, ки ин раванд суръати тоза пайдо карда истодааст. Далели ин гуфтаҳо нишондиҳандаҳои гардиши мол миёни Покистону Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2012 аст, ки назар ба ҳамин давраи соли сипаригашта тақрибан 4-5 маротиба афзоиш ёфтааст.Инчунин тарафҳо оид ба масъалаҳо ва нақшаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳо ва соддагардонии ҳамгироиву тамос байни намояндагони бахши хусусии ҳарду кишвар мубодилаи афкор намуда, оид ба чорандешӣ дар мавриди татбиқи созишҳои ба миёномада ибрози омодагӣ карданд.

Ноябрь 22, 2012 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад