«Дўстии бидуни марз»
Душанбе, 23 ноябр. (АМИТ “Ховар”, Дилшодаи Хайруллоҳ). — 23 –уми ноябри соли равон дар Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ва Намояндагии «Россотрудничество» дар ҶТ ба муносибати 20-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми Ҷамъиятҳои дӯстӣ ва анҷуманҳои миллӣ таҳти унвони “Дӯстии бидуни марз” баргузор мегардад. Форуми 16 ҷамъияти дўстӣ бо кишварҳои алоҳида (аз ҷумла ҷамъиятҳои дўстии «Тоҷикистон – Русия», «Тоҷикистон-Олмон», Тоҷикистон – Эрон»), ки дар доираи Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон фаъолият мекунанд ва марказҳои фарҳангии иттиҳодияҳо ва ҷамъиятҳои миллӣ (аз ҷумла тоторҳову бошқирдҳо – «»Дуслык», қазоқҳо — «Байтерек», осетинҳо «Иристон»), ки бо Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон ва Маркази илмию фарҳангии Русия ҳамкории зич доранд, давоми мантиқии фаъолияти шариконаи ду ташкилоти ҳаммонанданд, ки мақсаду вазифаи ягона доранд. Дар доираи Форум масъалаҳои фаъолияти ҷамъиятҳои дўстӣ ва анҷуманҳои миллӣ дар солҳои охир, ҳамкориҳои Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо Намояндагии «Россотрудничество” баррасӣ гардида, фикру ақида ва пешниҳодҳои намояндагони ин ҷамъиятҳову анҷуманҳо, дигар ширкаткунандагон дар бораи боз ҳам беҳтар ва пурмуҳтаво ба роҳ мондани ин фаъолиятҳо шунида мешаванд. Дар суҳбати «мизи гирд» суханронии раиси Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон Сайдулло Хайруллоев ва роҳбари Намояндагии «Россотрудничество» Владислав Корнушко дар назар аст. Ҳамчунин дар фарҷом барои меҳмонон филми мустанади «Русский музей» ва барномаи консертие, ки намояндагони анҷуманҳои миллӣ ва донишҷўёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон омода намудаанд, намоиш дода мешавад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






