Эмомалӣ Раҳмон: «Агар кишвар дар гирдоби ғаразҳои бадхоҳон мемонд…»
Душанбе, 16 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ)- Имрӯз дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси тантанавӣ ва консерти идона бахшида ба ҷашни 20 – солагии Иҷлосияи 16 –уми Шӯрои Олии ҶТ баргузор гардид.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ бахшида ба ин санаи тақдирсози кишвар муҳимтарин масъалаи таърихи муосири мамлакатро «эҳёи давлатдории миллӣ» унвон намуда,чунин изҳор дошт: «Бидуни мавҷудияти давлати миллии мустақил мо наметавонистем орзуву ормони деринаи халқи тоҷик ва ҳадафу барномаҳои Ҳукумати кишварро амалӣ созем». Чун баъди ҳазор соли бедавлатӣ барои халқи тоҷик имконияти давлатдории миллӣ муяссар гардидааст, аз ин нуқтаи назар Сарвари давлат таъкид дошт, ки «Агар ин давлати ҷавон дар гирдоби ғаразҳои бадхоҳони миллати тоҷик фурӯ мерафт, руҳи ниёгон ва наслҳои ояндаи миллат моро ҳаргиз намебахшид», зеро ҳар як гуруҳи силоҳбадаст ният дошт, ки бо истифода аз вазъи беҳокимиятӣ ҳадафҳои нопоки хешро амалӣ созад. Таърих гувоҳ аст, ки низоъҳои дохилии давомдор ва бесалоҳиятии ҳокимияти марказӣ боиси парокандагӣ ва нобудшавии давлату миллатҳо мегардад. Аз ин лиҳоз, бо истифода аз вазъияти ноороми Тоҷикистони тозаистиқлол доираҳои муайяни хориҷӣ ва ҳатто баъзе аз сиёсатмадорон ва гуруҳҳои сиёсии дохилӣ нақшаи ба қисматҳо пора намудани мамлакатро ба миён гузошта буданд ва хушбахтона, ба аҳдофи нопоки худ нарасиданд. Маврид ба зикр аст, ки дар натиҷаи кашмакашҳои дохилии кишвар беш аз 150000 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расидаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






