Фаронса дар Душанбе сафорати худро эъмор мекунад
Душанбе, 23 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ояндаи наздик Фаронса дар Душанбе- пойтахти Тоҷикистон бинои сафорати худро бунёд месозад. Ин ва дигар масъалаҳои тавсеаи равобити ҳасанаи иқтисодиву тиҷоратӣ ва фарҳангию гуманитарии миёни Тоҷикистону Фаронса дар ҷараёни мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев –раиси шаҳри Душанбе ва Дидйе Леруаро –сафири фавқулодда ва мухтори Фаронса дар Тоҷикистон баррасӣ шуд. Шаҳрдори Душанбе таъкид кард, ки муносиботи дўстонаи Тоҷикистону Фаронса дар заминаҳои мухталиф ояндаи наздик бо фаъолияти густурдаи Дидйе Леруаро густариш ёфта, маҷрои нав касб хоҳад намуд. Дар ҷараёни мулоқот мусоҳибон доир ба ҷалбу тавсеаи фаъолияти ширкатҳои фаронсавӣ дар лоиҳаҳои инвеститсионӣ, хусусан лоиҳаҳое, ки ба рушди инфрасохтории шаҳри Душанбе нигаронида шудаанд, ҳамчунин ташкили корхонаҳои хурди муштараки саноатӣ табодули назар карданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






